Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Вазорати умури динӣ, даъват ва иршоди Арабистон, ҷамъе аз зоирони умраи Байтуллоҳилҳаром рӯзи гузашта, аз маҷмаъи Малик Фаҳд вижаи чопи Қуръони Карим боздид карданд. Ин зоирон зимни боздид аз бахшҳои мухталифи бузургтарин маркази чопи Қуръони Карим дар ҷаҳон аз забони масъулони ин маҷмаъ низ бо ҷанбаҳои мухталифи чопи Қуръони Карим ошно шуданд.
Ин зоирон тайи боздид бо мароҳили мухталифи омодасозӣ, хатотӣ, татбиқ, чоп ва нашри Қуръони Карим ва ҳамчунин тарҷумаи он ба забонҳои мухталиф ва кайфияти татбиқи ниҳоии мусҳафи шариф пеш аз тавзеъ ошноӣ пайдо карданд.
Дар поёни ин боздид, нусхаҳое аз Қуръони Карим ва тарҷумаи он ба зоирони Байтуллоҳилҳаром эҳдо шуд.
Боздидкунндагон низ аз талошҳои анҷом шуда дар хидмати ба Қуръон ва зоирони Байтуллоҳилҳаром тақдир ва ташаккур карданд.
Барномаи боздид аз маҷмаъи чопи Қуръони Малик Фаҳд, барномае аст, ки аз сӯи тавлияти кулли Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ дар канори ошноӣ зоирони Байтуллоҳилҳаром бо масоҷид ва амокуни таърихӣ дар Мадина ва Макка иҷро мешавад ва ҳадаф аз он ғанисохтани таҷрибаи динии зоирон аз зиёрати сарзамини ваҳй унвон шудааст. Бо ин ҳол ин барнома танҳо ба кишварҳо ва зоирони хоссе ихтисос дорад ва бисёре аз иҷрои ин барнома ба унвони тарҳе барои афзоиши нуфузи фикрии Арабистон ва тақвияти андешаҳои салафӣ интиқод кардаанд.